«Русия барои Тоҷикистон беҳтарин шарики низомӣ аст, аммо ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомияш вуруди сармояи хориҷиро ба Тоҷикистон кунд мекунад, музокирот сари шароити ҳузури ин пойгоҳ дар чаҳорчӯби ҳайатҳои вазоратҳои дифои ду кишвар идома дорад ва то анҷоми ин гуфтушунид қазовати рӯи натиҷаҳои он бармаҳал аст»,- иттилоъ медиҳад, вазорати дифоъи Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи 9 сентябр вазири дифои Русия эълом дошт, ки тарҳи созишномаи тамдиди мӯҳлати будубоши пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ ниҳоӣ хоҳад шуд.