Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Дар Душанбе қурби доллар дар баробари сомонӣ ба якборагӣ боло рафта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1 долларро бар ивази 5 сомониву 15 дирам харида, бо 5 сомониву 19 дирам мефурӯшанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта хариду фурӯши доллар дар саррофиҳо мутаносибан, 5 сомониву 10 дирам ва 5 сомониву 12 дирам буд.
Иқтисоддонҳо мегӯянд, афзоиши қурби доллар дар баробари сомонӣ омилҳои дохиливу берунии зиёд дорад ва онро як ҳолати табиӣ ҳам медонанд, ки ҳар рӯзу соат дар дунё рух медиҳад. Мирзомудин Мавлонов, директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, таҳримҳои зидди Русия, пастшавии қурби рубл ва коҳиш ёфтани маблағҳои воридотӣ ба психологияи мардум таъсир намуда, онҳо талош мекунанд, маблағҳояшонро бо доллари амрикоӣ иваз намоянд. “Ҳаракати сармоя ҳамин аст, як рӯз талаботаш зиёд мешаваду рӯзе дигар кам. Аз дигар сӯ, бозори дохилӣ 3 қисм дорад ва бозори нақдӣ танҳо 10 дар сади бозори умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дигар ҳамаи хариду фурӯши асъор дар бозори байни бонкӣ ва дохили бонкӣ мегузарад. Дар бозори нақдӣ агар 10 доллар савдо шавад, дар бозори байни бонкӣ 1 миллион доллар савдо мешавад, ки фарқияташ аз замин то осмон аст”,-илова намуд ҷаноби Мавлонов.
Бояд гуфт, рубли русӣ дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст. Акнун, 10 рубл дар нуқтаҳои табодули асъор баробари 1 сомониву 33 дирам аст. Ҳафтаи гузашта ин нишондод, 1 сомониву 44 дирамро ташкил медод. Директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон муътақид аст, имзои созишномаҳо вобаста ба ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанҳай низ таъсири худро дорад, чун ин сармояҳо бо асъори хориҷӣ ворид мешаванду бо сомонӣ мубодила мегарданд. Касри савдои хориҷие, ки ҳаст аз ҳисоби ҳамин сармояҳо ҷуброн мешавад.
Собир Вазиров, корманди пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, болоравии қурби сомонӣ ба хотири зиёдшавии талабот ба доллари Амрико ва кам будани пешниҳод дар бозор мебошад. Ин ҳосили вазъи сиёсиву иқтисодии Русия ва Украина ҳамроҳ бо таҳримҳо мебошад. Ин иқтисоддон бо нигаронӣ гуфт, раванди мазкур метавонад ба қудрати харидории мардум таъсир расонида, дар маҷмӯъ сабаби таваққуфи рушди иқтисод гардад.
Мирзомудин Мавлонов мегӯяд, мардум бояд дар чунин ҳолатҳо оқилона рафтор намуда, бо тағйирёбиҳои 1-2 рӯза ба нуқтаҳои асъор ҳуҷум накунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, фардо бо тағйири қурби асъор фурӯхтани маблағи гаронхарида бо нархи пешин номумкин мегардад.
Бо оғози таҳримҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо алайҳи Русия ва бо далели камчинии доллар дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравӣ, монанди Тоҷикистон, нархҳо ҳам боло рафтаанд. Дар ин шароит нуқтаҳои мубодилаи асъор ва дигар миёнаравҳо метавонанд, аз вазъият истифода бурда, аз фурӯши доллар худдорӣ намоянд ё онро гаронтар савдо бизананд, ки боз ҳам боиси болоравии нархҳо мегардад. Ҳоло бошад, муҳоҷирон аз ин тағйирот бештар зарар дидаанд. Беқурбшавии рубл арзиши пули дарёфтии онҳоро коҳиш дода, буҷаи оилавияшон ҳам дар Тоҷикистон бо касрӣ мувоҷеҳ шудааст.