ҲНИТ: Ду нафарро хориҷ мекунанд, 4 нафар аъзо мешавад
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши иттилоияе аз ихроҷи иҷбории бархе аъзоёнаш аз сӯйи мақомот хабар додааст.
Дар ин иттилоия, ки торнамои расмии ҲНИТ нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми як ҳафта тавассути фишори мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Шӯрообод 4 нафар ҳизбро тарк кардаанд”. Шодӣ Зиёев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шӯрообод гуфтааст, мақомот ҳатто барои берунории афроде аз саффи ҳизб талош доранд, ки ҳеч гуна мансаби давлатӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, “ҳатто аз номи аъзои ҳизб нафари дигаре ариза навишта ба онҳо медиҳад, ки онро ба раёсати бахши ҳизб оварда, худро аз ҳизб берун созанд”.
Масъулини ҲНИТ ин иқдоми мақомотро як навъ муборизаи интихоботӣ ва поин бурдани теъдоди ҳаводорони ҳизбашон дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 хонда, гуфтаанд, чунин талошҳо наметавонад саффи ҳаводоронашонро коҳиш бидиҳад: “Ҳеч фаҳмидан намехоҳанд, ки бо берун кардани 2 нафар - 4 довталаб ба ҳизб мепайвандад”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягона ҳизби исломии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Он дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ аст ва ба гуфтаи масъулинаш 42 ҳазор узв дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)