Ҳушдори Бонки Аврупоӣ аз “буҳрон” дар Тоҷикистон
Бонки аврупоии таҷдид ва рушди Аврупо бо нашри як гузориш аз эҳтимоли буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Таҳлилгарони ин Бонк мегӯянд, дар пайи қазияи Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия барои бори аввал дар чор соли охир интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ коҳиш ёфтааст. Бонк бо зикри пойбандии иқтисоди ин кишварҳо аз Русия таъкид мекунад, ки ин раванд на танҳо бар зарари Русия аст, балки ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Молдова ва Арманистон низ таъсири манфӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия-шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ахиран қурби доллар аз ҳадди 38 рубл гузашт ва дар Тоҷикистон низ ҷаҳиши қурби доллар ба вуҷуд омад. Феълан арзиши фурӯши як доллар дар нуқтаҳои саррофии Душанбе то ба 5,19 сомонӣ расидааст, ки нишондоди рекордӣ мебошад.
Аз Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунад ва маблағи ирсолкардаашон, ки соле то 4 миллиард доллари амрикоӣ мерасад, сарчашмаи асосии муътадилияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон баҳогузорӣ мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)