Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Фаластин
Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) дувумин дидораш дар доираи 17-умин бозиҳои олимпии Осиёро бо шикаст анҷом дод.
Футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:2 аз яккачини Фаластин мағлуб шуданд. Ин дар ҳолест, ки тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввал мунтахаби Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Рӯзи 21 сентябр футболбозони тоҷик бо тими миллии Уммон қувва меозмояд.
Натоиҷи қуръакашӣ:
Гурӯҳи “А”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.
Гурӯҳи “B”: Узбакистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон.
Гурӯҳи “С”: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон. Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал.
Гурӯҳи “E”: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.
Гурӯҳи “F”: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон.
Гурӯҳи “G”: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.
Гурӯҳи “Н”: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.
Дар Бозиҳои осиёӣ танҳо футболбозони то 23-сола иштирок мекунанд, аммо ҳар даста ҳуқуқ дорад, се бозигари синнаш аз 23 болоро ба ҳайат ворид намояд. Мусобиқоти мазкур то чоруми октябр дар Инчхони Куриёи Ҷанубӣ ҷараён мегирад.