АКСУ ВИДЕО: Боздошти сарояндаи тоҷик, Қаҳрамони Шарифзод дар Перм
Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир дар Русия имрӯз, 17 сентябр аз боздошти як сарояндаи попи тоҷик дар Перм хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба "нашъаҷаллобӣ дар ҳаҷми калон" машғул будааст. Ҳарчанд, хадамот аз ин сароянда ном набурдааст, аммо бархе манобеъ аз Тоҷикистон мегӯянд, ӯ зоҳиран Қаҳрамони Шарифзод аст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия, аз боздоштшуда дар маҷмӯъ ҳудуди ним кило ҳероин ёфт ва мусодира гардидааст. Манбаъ меафзояд, дастгиршуда аз 3 моҳи пеш ба Перм омада, аснои бозпурсӣ гуфта, ин ҷо барои таҳияи клипи наваш омадааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод тасдиқ мекунад, ки зимни муаянсозии шахсияти боздоштшуда, маълум гардид, ӯ дар Тоҷикистон ба сарояндагӣ машғул буда, ҳатто дар барномаҳои солинавии телевизионҳои давлатӣ иштирок кардааст. Қаҳрамони Шарифзод ҳарчанд дар раддаи аввали овозхонҳои попи тоҷик қарор надорад, аммо сурудҳои "Ориёӣ", "Вақте танҳоям", "Модар", "Ватан", "Ғарибӣ", "Нозанин" ва "Оре"-и ӯ миёни шунавандаҳо маъруф аст. Клипҳои ӯ дар дискфурӯшиҳо мавҷуд буда, дар интернет ҳам зиёд ба чашм мехӯрад. Дар гузориши телевизионие, ки шабакаҳои русӣ намоиш додаанд, як пора аз клипи "Оре" пахш шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба ин гуфта мешавад, ки нафари дастгиршуда Қаҳрамон аст. ВИДЕОИ БОЗДОШТИ САРОЯНДА Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)