Қарори ҳукумат: Корфармоёни тоҷик ба коргарон шир диҳанд!
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор корфармоёнро уҳдадор кардааст, ба кормандоне, ки дар шароити зарарнок фаъолият мекунанд, шир ва дигар анвои ғизои табобатӣ диҳанд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин ниҳод вазифадор гаштааст, ки татбиқи ҳатмии ин қарори ҳукуматро назорат кунад.
Ба иттилои манбаъ шир аз рӯи натиҷаҳои санҷиши шароити меҳнати коргарон дода шуда, ҳадаф пешгирии бемориҳои касбӣ ва заҳролудшавӣ мебошад. Ҳамчунин қарор шудааст, ки тартиб ва меъёрҳои намунавии ройгон додани либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозатӣ якҷоя бо Вазорати тандурустӣ, Иттифоқҳои касаба ва Иттиҳодияи корфармоён таҳия ва тасдиқ карда шавад.