Куштори тоҷик бо дасти тоҷик барои 300 рубл
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Диловаршоҳ Оймаҳмадов, сокини 29-солаи Ҳисор хабар дод, ки дар куштори истиқоматкунандаи 35-солаи Душанбе муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ қазияи куштор дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар ноҳияи Ленини вилояти Тула сурат гирифтааст: “Дар пайи як муноқиша 18-уми августи соли ҷорӣ боздоштшуда бо табар ба сари Раҳмонов Дилшод, сокини 35-солаи Душанбе зада, ӯро ба қатл расонидааст.”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки баҳси ин тоҷик дар Русия зимни тақсими 300 рубли русӣ ба вуқуъ пайвастааст, ки бо куштор анҷомид. Манбаъ мегӯяд, қаблан Оймаҳмадов барои қаллобию фасод низ маҳкум шудааст: “Тафтишоти парванда аз рӯи ҷинояти куштор идома дорад.”