“Нома ба Худо”-и Довуд Сулаймоншоҳ чоп шуд
“Нома ба Худо” унвони китоби тозанашрест, ки ба қалами Довуд Сулаймоншоҳ, як сокини Хоруғ тааллуқ дошта, маҷмӯи ҳикоятҳоро дар бар мегирад.
Муаллифи китоб мегӯяд, тамоми ҳикояҳои китобаш воқеаҳои ҳақиқии зиндагии рӯзмарра ҳастанд. Ӯнвони китобашро аз як ҳикояаш интихоб кардааст. Довуд Сулаймоншоҳ бо таассуф қайд мекунад, ки ҷавонони имрӯз ба китобхонӣ шавқи камтар доранд, ки бештари одамони эҷодкорро аз нашри шеъру ҳикояҳо дилсард мекунад. "Нома ба Худо" бо забони русӣ нашр гардидааст.