АКС: Кашмакаши духтари президент бо амниятиҳо
Дар интернет аксҳои Гулнора Каримова, духтари калони райиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, бо афроди низомипӯш дар ҷидол аст.
Торнамои uznews.net менависад, аксҳо тавассути Лоскли Райан, намояндаи Гулнора дар Лондон дастрас шудаанд. Аммо рӯшан нест, онҳоро кӣ бардоштааст.
Ба иттилои расонаҳо Гулнора бо далели сардии муносибат бо хонавода, ба вижа модар ва хоҳараш аз “марҳамат”-и падар низ маҳрум шуда ва инак моҳи ҳафтум аст, дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад. Қаблан, аз баста шудани ширкатҳои марбут ба ӯ хабар дода шуд ва ҳам чанд мақомоти интизомии Узбакистон нафари наздик ба Гулнораро боздошт карданд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)