Курсии сармураббии “Парвоз”-ро аз Ашурмамадов гирифтанд
Алиёр Ашурмамадов, ҳамлагари пешини мунтахаби Тоҷикистон аз вазифаи сармураббии тими “Парвоз” барканор шудааст. Дар ин бора торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба қавли Алиёр Ашурмамадов, далели ин тасмими раҳбарияти клуб барояш номаълум аст. Ашурмамадов гуфтааст, ба ӯ вазифаи ёвари сармураббиро пешниҳод кардаанд, аммо рад кардааст.
Ашурмамадов афзуда, эҳтимол барои нокомиҳои “Парвоз” ӯро сабукдуш кардаанд. Аммо ба қавли ӯ, бо далелҳои обективӣ даста муваффақ нашуд, зеро дар тобистон бозигарон давраҳои омӯзишӣ нагузаштаву аз ҷиҳати ҷисмонӣ омода нестанд.
Алиёр Ашурмамадов моҳи августи соли гузашта сармураббии тими “Парвоз” таъин гардид. То омадан ба ин даста ба ҳайси сармураббии тими “Энергетик” ва ССКА “Помир”фаъолият дошт.