Ҷарроҳии дили Марями яккуниммоҳаи тоҷик дар Русия
Дар Красноярск Марям Сайфова, навзоди якуниммоҳаи тоҷик, ки маризии қалб дорад, ҷарроҳӣ шудааст.
Бо далели шаҳрвандии Русияро надоштани волидони ин тифл, барои ҷароҳии ӯ аз буҷаи ин кишвар маблағе ихтисос наёфтааст. Табибон алъон аз натиҷаи ҷароҳӣ, ки рӯзи гузашта, 16 сентябр анҷом шуд, чизе нагуфтаанд.
Дар мавриди кӯмакхоҳии волидони Марям Сайфова расонаҳо зиёд навишта буданд. Гуфта мешуд, дар сурати сари вақт ҷарроҳӣ нашудан, ӯ танҳо то ду ҳафаи дигар зинда хоҳад монд. Аммо барои ҷароҳии фаврӣ наздик ба миллион рубл лозим аст, ки волидони Марям надоранд.
Дар пайи роҳандозии иқдом барои ҷамъоварии маблағ ашхоси зиёде ба он таваҷҷуҳ карданд. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, волонтёрҳо ва фаъолони ҷамъиятии Красноярск 930 ҳазор рубл ҷамъ овардаанд. Диаспораи тоҷикони Красноярск 250 ҳазор ва як фонди хайриявӣ 300 ҳазор додаанд. Маблағи боқимондаро шаҳрвандони Русия ҷамъ овардаанд.
Табибон гуфтаанд барои муолиҷаи Марям пас аз ҷароҳӣ боз 300 ҳазор рубли дигар лозим аст. Гуфта мешавад, ҷамъияти тоҷикони Красноярск ҳамчунон ба ҷамъоварии маблағ машғуланд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)