Барзу Абдураззоқов: Ин воҳимасозиҳо атрофи номи ман беасосанд!
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик хабари истеъфояш аз Театри миллии драмавии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистонро рад карда, гуфт, ба Тоҷикистон барои хабаргирӣ аз падари бемор ва модараш меояд.
Абдураззоқов баъди зуҳри 17-уми сентябр дар шарҳи хабарҳои охир оид ба нофаҳмиҳояш бо роҳбарияти театри миллии Қирғизистон гуфт, “ин воҳимаҳо атрофи ман беасосанд.” Ӯ гуфт, дар Бишкек бо ҳамкоронаш муносибати хуб дорад ва бо роҳбарияти Театри миллии драмавӣ низ якдигарнофаҳмии ҷиддӣ надорад: “Баъзан нофаҳмиҳои кӯчаке, ки мешаванд, ин як чизи муқаррарист ва дар ҳама ҷо аст.”
Ин коргардони тоҷик таъкид намуд, ки ҳатман ба Бишкек хоҳад баргашт чун он ҷо корҳои зиёди анҷомнаёфта дорад.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз расонаҳои муътабари Қирғизистон аз истеъфои Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик хабар доданд. Ба итилои манбаъ аризаи истеъфои Барзу Абдураззоқов дар пайи якдигарнофаҳмӣ бо мудири театр, Александр Кулински ва саркоргардон Неллӣ Плешкова навишта шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳунармандони қатории театр аз Абдураззоқов ҳамчун мутахассиси хуб ва зиёии рӯшанфикр ном мебаранд.
Барзу Абдураззоқов охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Охирҳои моҳи феврал дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов таъсис ёфта авохири моҳи марти соли равон Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов ҷоиза дод. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)