Вакил: Мавлуди президент “Рӯзи одамони меҳрубон” эълон шавад
Игор Зотов, вакили Думаи Русия аз фраксияи “Справедливая Россия” пешниҳод кардааст, 7 октябр, рӯзи мавлуди Владимир Путин, райиси ҷумҳури ин кишвар “Рӯзи одамони меҳрубони Русия” эълон шавад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, Зотов гуфтааст, ин идея баъди “муроҷиати зиёди шаҳрвандон барои сипос унвонии “ашхоси меҳрубон”, ки дар ҳодисаҳои таърихии Қрим дар тобистони соли 2014 нақши калидӣ доштанд”, пайдо шуд.
Ӯ гуфтааст, Путин ҳамчун сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Русия бешак пешвои миллӣ ва сиёсии кишвар гардида, дар саҳнаҳои байналмилалӣ шуҳратёр шуд ва боварии шаҳрвандони Русияро ба даст овард. Ин вакили парлумон афзуда, бо тасмимҳои худ райиси ҷумҳури Русия нишон дод, низоъҳоро бо роҳи осоишта, бидуни истифодаи зӯр ва хушунат бояд ҳал кард. “Касбият ва эътироф, маҳз ҳамин сифатҳо бояд кафолати мавҷудияти кишвари нерӯманд бошад ва натанҳо “одамони меҳрубон", балки “сиёсатмадорони меҳрубон”-ро тарбия кунад”,-илова кардааст ӯ.
Зотов инчунин таъкид намуда, ки таъсиси чунин як рӯз як василаи дигари ҳифз ва тавсеаи ҷаҳони русӣ буда, барои тарбияи руҳи ватандӯстии насли нав кӯмак мерасонад.