Акрам Қурбонов ба 6 соли зиндон маҳкум шуд
Акрам Қурбонов, як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия барои 6 сол равонаи зиндон шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҷавони 29-солаи тоҷикро кормандони Хадамоти федеролии амният ё ФСБ, ибтидои моҳи январ дар шоҳроҳи М-4 “Дон”-и Русия боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ҳангоми кофтуков аз ӯ 3,5 килло маводи мухаддир ёфт шудааст, ки арзиши он дар бозори сиёҳ 2,5 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.