Кӣ рост мегӯяд: сафир ё КМИРТ?
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни як нишасти хабарӣ теъдоди ҳамватанон дар қаламрави Русияро беш аз миллион нафар гуфтааст.
Ин дар ҳолест, дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли сипаришуда баргузор шуд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар гуфт, наздики 700-900 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия қарор доранд. Бархе коршиносон ба омори КМИРТ бовар накарда, ин рақамро дасти кам 1,5 миллион ҳадс заданд.
Бо вуҷуд, ба иттилои КМИРТ дар интихоботи президентӣ аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафари дорои ҳаққи раъй, 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 дар сад иштирок кардаанд.