Истеъфои вазир пас аз ифшои рӯйхати вакилони ҷинояткор
Абдилда Суранчиев, вазири умури дохилии Қирғизистон аз симматаш истеъфо додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон, вазир ин тасмими худро рӯзи 16 сентябр дар мулоқот бо Алмосбек Отамбоев, президенти кишвар эълон кардааст. Манбаъ мегӯяд, Отамбоев дар навбати худ аз хидматҳои Суранчиев барои ҳифзи субот ва таъмини тартиботи ҷамъият қадрдонӣ карда, зери аризаи истеъфои ӯ имзо гузоштааст.
Истеъфои вазири умури дохилии Қирғизистон дар ҳолест, ки охирҳои моҳи август ӯ бо пешниҳоди феҳристе як қатор вакилони парлумони кишвар ва бархе мансабдорони давлатиро дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор карда буд. Суранчиев гуфт, афроди дар ин феҳрист ҷойгиршуда, ба иттиҳоми тақаллубкорӣ, дуздӣ, фиребкорӣ ва куштор доғи судӣ доранд.