ВИДЕО: Маоши шумо барои зиндагӣ мерасад?
Дар арафаи моҳи сентябр бисёриҳо дар Тоҷикистон афзоиши маоши кормандони давлатиро интизор буданд, аммо чунин нашуд. Хабарнигори “Озодагон” дар хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон суол кард, ки оё маоши феълияшон барои зиндагӣ кифоят мекунад? Ҷавобҳо якранг набуданд. Ин видеоро бубинед ва шумо низ зери он бинависед, ки ҳақмуздатон барои таъмини зиндагӣ басанда аст ё на.