Turajon.org: “Агар зан нахоҳад бо шавҳараш зиндагӣ кунад, пеши муфтӣ равад"
Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ба ҳамсарони муҳоҷирони кории тоҷик, ки мудати тулонӣ дар хориҷанду нафақаи онҳоро таъмин намекунанд, иҷоза додааст, ақди никоҳи худро яктарафа бекор кунанд.
Ин торнамои исломии кишвар гуфтааст, агар зан намехоҳад, бо ингуна шавҳар зиндагӣ кунад, метавонад ба муфтиёт муроҷиат карда, ақди никоҳашро бекор ва оилаи нав барпо кунад. Ин фатвои торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар посух ба суоли корбаре дода шудааст, ки мепурсад: “агар зану шавҳари зинда бо ҳам шаш моҳ набошанду мард нафақаи ин занро таъмин накунад ва талоқ ҳам надиҳад, пас оё байни ин ду нафар талоқ ба вуқӯъ омадааст ё не?”
Turajon.org навиштааст, бо ҳам набудани зану шавҳар ба муҳлати 6 моҳ ва ё зиёда аз он, таъмин нашудани нафақаи ин зан аз сӯи шавҳараш сабаби ба миён омадани талоқ нахоҳад шуд: “Вале агар зан нахоҳад, дигар бо чунин шавҳар зиндагӣ кунад, метавонад ба муфтиёт муроҷиат кунад. Вақте муфтӣ фатвои ҷудоии ӯро аз шавҳараш баровард зан баъди тамом шудани идааш метавонад, шавҳар бикунад.”
Ин муроҷиат ва фатвои Тураҷонзодаҳо дар ҳолест, ки даҳҳо зани тоҷик ба далели дур будану солҳо бедарк шудани шавҳарони муҳоҷири худ ранҷ мекашанд ва намедонанд бо фарзанду хонаводаашон чӣ кор кунанд. Бисёре аз мардони тоҷик дар пайи муҳоҷираташон ба Русия бо духтарону занони рус издивоҷ карда, зоҳиран зану фарзандони тоҷики худро аз ёд мебароранд ва ҳамин тавр хонаводаашонро дар чорроҳа мегузоранд. Намунаи барҷастааш даҳҳо баҳси матбуотии муҳоҷирони тоҷик бо ҳамсари русу тоҷикашон аст, ки чандин бор тавассути телевизионҳои Русия ба намоиш гузошта шуданд.
Метавон, қиссаҳои саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русияро мисол овард, ки тавассути барномаи “Пусть говорят” намоиш дода шуд. Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)