Рӯбарӯкунӣ ва бозпурсии Сурайё Қосимова дар идораи пулис
Мақомоти умури дохилии шаҳри Кӯлоб Сурайё Қосимова, сарояндаи маъруфи тоҷикро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз шуъбаи умури дохилии Кӯлоб хабар дода, афзуданд, ки бозпурсии сароянда дар доираи тафтишоти дуздӣ дар хонаи ӯ сурат гирифтааст. Манбаъ афзуд, ҳамчунин Қосимоваро бо муттаҳамон дар дуздии хонаи ӯ рӯбарӯ кардаанд, ки як нафараш ҷиян ва дигарон ҳамсояҳои ӯ мебошанд.
Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки зимни рӯбарӯкунӣ аз ҷониби Қосимова ҳеч гуна изҳорот дар мавриди гузаштан аз гуноҳ ва даст кашидан аз даъво баён нагардид. Манбаъ гуфт, зимни пурсиш Қосимова бори дигар дуздии ҷавоҳирот дар ҳаҷми зиёд аз хонаашро таъйид кард.
Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд, ки бо иттиҳоми дуздии манзили Сурайё Қосимова чор сокини ин шаҳри Кӯлоб -Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Тибқи иттилои мақомот, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова - Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳум ва сеи дигар ҳамсояҳояш мебошанд.
Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, боздоштшудагон пурра гуноҳашонро иқрор кардаанд ва парванда алайҳи онҳо баъди бозпурсии чанд шоҳиди дигар, ки асосан ҳамсояҳоя ҳастанд, то 20-уми сентябр ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд.