Корманди ВУД дар гирифтани 25 ҳазор $ пора муттаҳам мешавад
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи як корманди ротаи махсуси Вазорати умури дохилии кишвар хабар дод, ки дар гирифтани 24 ҳазору 900 доллари амрикоӣ ба ҳайси пора муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ ба Оҷонсӣ шаҳрванд Камолов муроҷиат карда, арз доштааст, ки корманди ВУД аз ӯ барои дохилшавӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмони ва гирифтани қитъаи замини наздиҳавлиги дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷамъ 24 ҳазору 900 доллари амрикоӣ пора гирифтааст: “Тафтишот муайян кард, ки боздоштшуда Камоловро ба ҳайси ронанда ба Ротаи махсуси зудамал ворид карда, тавсия медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани рутбаи ҳарбӣ бояд маълумоти олӣ дошта бошад ва барои дохилкунӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ 1000 доллар мегирад. Баъдан барои гирифтани замин дар Ваҳдат 23 ҳазору 900 доллари дигарро гирифта, ягон ваъдаи додаашро иҷро намекунад.”
Оҷонсии зидди фасод афзуд, феълан тафтишоти парванда алайҳи ин корманди ротаи махсуси ВУД идома дорад.