Мактаби байналмилалии президентӣ: “Аз андоз нагурехтаем”
Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, “аз супоридани андоз нагурехта аст ва нахоҳад гурехт”.
Раҳбарияти ин муассисаи таълимӣ дар посух ба иттилои Кумитаи андоз, ки ҳаҷми қарзи Мактаби байналмилалии президентиро ба ҳолати 1 июли соли равон беш аз 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст, гуфтаанд, 1 миллиону 100 ҳазор сомонии онро баробар карда, то охири моҳи сентябр маблағҳои боқимондаро пардохт мекунанд.
Дар номае, ки раҳбарияти Мактаби байналмилалии президентӣ дар посух ба матлаби “Мактаби президентӣ ва ширкати Занҷонӣ дар рӯйхати “андозгурезҳо”-и Тоҷикистон” унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Мактаби байналмилалии президентӣ ҳамчун муассисаи таълимии давлатӣ аз супоридани андоз нагурехта аст ва нахоҳад гурехт. Маблағи 1 миллиону 348 ҳазор сомони қарзи андоз, ки Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон муайян намуда аст, ин асосан маблағи қарз барои соли 2013 мебошад. Яъне, Кумитаи андоз Мактаби байналмилалии президентиро тибқи Кодекси нави андоз ба қатори андозсупорандагони миёна дохил намуда аст, ки Мактаб мувофиқи он бояд андоз аз арзиши иловашуда (18% НДС) супорад”.
Дар идома сабаби асосии тибқи низоми нав андозбандӣ гардидани Мактаби байналмилалии президентӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ маблагузорӣ нагардидани он арзёбӣ шудааст. “Дар се соли фаъоляташ мактаб тамоми намуди андозҳоро сари вақт ба таври пурра тибқи низоми соддакардашуда (6%) пардохт намуда аст. Роҳбарияти Мактаби байналмилалии президентӣ унвонии Кумитаи андоз мактуби расмӣ ҷиҳати то охири моҳи сентябри соли 2014 тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи андоз ирсол намуда буд. Баробари ворид гардидани маблағҳо аз ҷониби волидайн аз таърихи 25 август то ҳолати 10 сентябри соли 2014 маблағи 1 милиону 100 ҳазор сомонӣ маблағи қарзи андоз алакай пардохт гардид. Маблағи боқимондаи қарзи андоз то охири моҳи сентябр пардохт карда мешавад”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)