Боз як мулоқоти Абдулло ва Аҳмадзай, муддаиёни курсии президентӣ
Қарор аст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ду номзади мақоми раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз (16 сентябр) бори дигар дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ҳам мулоқот намоянд.
Ин дидор дар ҳоле сурат мегирад, ки ду номзад рӯзи гузашта бо Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури кунунии Афғонистон мулоқот доштанд. Эмал Файзӣ, сухангӯи Карзай гуфтааст, дар вохӯрӣ бештар перомуни инкишофоти ахир байни ду номзад суҳбат шуд. Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯи тими "Таҳавул ва тадовум" низ дар мавриди мулоқоти дирӯз изҳор дошта, ки “Формулаҳое ба миён омада ва қарор гузоштаанд бо тимҳои худ машвара кунанд. Дидорҳо идома меёбанд ва мо умедвор ҳастем ба зудӣ ин силсила хотима хоҳад ёфт”.
Силсилаи дидорҳо миёни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз дер ба ин сӯ ҷараён дорад, аммо то ҳол ба як тавофуқи ниҳоӣ нарасидаанд. Мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазиранд, ки дидори имрӯз чӣ натиҷае дар пай хоҳад дошт. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)