WEF қонунҳои Тоҷикистонро аз “беҳтаринҳо” хонд
World Economic Forum ё Анҷумани иқтисодии ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ барои солҳои 2014-2015, қонунҳои Тоҷикистон, ки баҳсҳои бахши хусусиро танзим мекунанд, аз ҷумлаи беҳтаринҳо дар минтақа хондааст.
Ин анҷуман дар миёни 144 давлати дунё Тоҷикистонро аз рӯйи самаранокии қонунҳо, ки барои ҳалли баҳсҳои бахши хусусӣ қабул шудаанд, дар зинаи 54-ум қарор додааст, ки беҳтарин нишондод дар минтақаи ИДМ мебошад.
Қазоқистон дар ин раддабандӣ ҷойи 59, Гурҷистон-71, Русия-110, Қирғизистон-122 ва Украина мақоми 129-умро гирифтаанд. Панҷгонаи аввал насиби Сингапур, Финляндия, Ҳонгконг, Зеландияи Нав ва Британияи Кабир шудааст.
Пешсафии нисбии Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли равон дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба масъулин дастур дода буд, барои беҳбуди мақоми кишвар дар раддабандиҳои иқтисодии байналмилалӣ чораандешӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол баҳои хуб ба қонунҳои Тоҷикистон дар ҳоле дода шудааст, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносони тоҷик мушкили асосӣ дар шеваи татбиқи ин қонунҳо аст, ки на ҳама вақт риоя мешаванд.