Мактаби президентӣ ва ширкати Занҷонӣ дар рӯйхати “андозгурезҳо”-и Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати андозсупорандаҳоеро нашр кардааст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон дар назди давлат беш аз 200 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
Дар феҳрасти нашркардаи ин ниҳод баробари даҳҳо корхонаю ширкатҳои дигар Мактаби байналмилалии президентии Душанбе ва гимназияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми қарзи Мактаби байналмилалии президентӣ ба ҳолати 1 июли соли равон аз марзи 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки ҳаққи таҳсил дар мактаби байналмилалии президентӣ барои як хонанда ҳазорҳо сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯйхат ҳамчунин “Азия Экспресс Терминал” зикр шудааст, ки ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ рабт дода мешавад. Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, ин корхона наздики 350 ҳазор сомонӣ андозро ба давлат пардохт накардааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои ифшои номи "андозгурез"-ҳои кишвар мунтаззам рӯйхати онҳоро оммавӣ кунад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)