Продюсер издивоҷи Фарзона ва Фариддуни Хуршедро рад кард
Продюсер, Диловари Мизроб хабари издивоҷи Фарзонаи Хуршед, сарояндаи ҷавони тоҷикро бо ҳамкасбаш- Фариддуни Хуршед рад кард.
Диловари Мизроб, продюсери Фарзонаи Хуршед, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин хабар, ки ахиран дар фазои иттилоотии Тоҷикистон паҳн гардид, бепоя аст.
Тибқи хабарҳои нашргардида тӯйи арӯсии Фарзона ва Фариддун гӯиё рӯзи якшанбеи 7-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят» баргузор гардидааст, ки ба гуфтаи Диловари Мизроб ягон асос надорад.
Фариддуни Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик аст, ки соли равон ҳамроҳи Фарзонаи Хуршед дар маросими ҷоизасупории «BIG АPPLE MUSIC AWARDS » дар Амрико иштирок карда буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)