Мусодираи 7 кило маводи мухаддир ва боздошти ду аъзои гуруҳи ҷинояткор дар Душанбе
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодираи 7 кило маводи мухаддир хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони агентӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ду сокини шаҳри Душанбе 4 бастаи дорои бӯи махсус ёфтаанд. “Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ин мавод афюн буда, ду аъзои гуруҳи ҷинояткор онро аз шаҳрванди ҷумҳурии исломии Афғонистон харидорӣ кардаанд ва ният доштанд ба қаламрави Русия интиқол диҳанд”,-меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, дастгиршудаҳо дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва тафтишот барои муайян намудани аъзои дигари гуруҳ идома дорад.