Баҳси тунди ҷонибдорони Иззат Амон ва Ашраф Гулов
Интиқоди Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз фаъолияти Ашраф Гулов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва консули кишвар дар Русия баҳси тундеро миёни корбарони “Озодагон” ба миён овардааст.
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав дар шарҳи хабари боздошти як модари тоҷик бо фарзанди хурдсолаш аз фаъолияти консули Тоҷикистон дар Русия - Ашраф Гулов интиқод ва ба президенти кишвар муроҷиат намуд. “Чаро ман ҳама инро ба шумо мегӯям, дар ҳоле ки хуб медонам, ба шумо низ фарқе надорад, ки як зани тоҷик бо фарзандаш бо туҳмат шабро дар пулисхонаи рус рӯз мекунад. Зеро шумо домоди худатон - Ашраф Гуловро дар ин кишвар консул таъин кардед. Ӯ бошад аз ҳамаи консулҳои пешин гузаронд. Чаро мо бояд ба чунин ҷойҳо равему домоди шумо дар як кабинети гарм бо духтаракони гулрӯ чой нушида шинад? Магар ӯ аз ҳисоби хуни муҳоҷирон 5000 доллар маош намегирад?”,-хулоса карда буд, Иззат Амон.
Бархе аз шарҳнависон ба ҳимояти Гулов бархоста ва Иззат Амонро зери тозиёнаи танқид қарор додаанд. Онҳо мегӯянд, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав маҳз ба хотири боло бурдани имиҷи худ аз фаъолияти домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мақоми наваш интиқод кардааст. Корбаре бо номи Саидшоҳ навиштааст, ин ҳарфҳои Иззат Амон супоришӣ ё барои пияр аст, чун мехоҳад, аз шахсияти Гулов истифода карда, нуфузашро боло барад. “Аммо Иззат фаромӯш кардааст, ки офтобро ба доман пушонида намешавад, Гулов ба монанди офтобе аст, ки ба ҳамааи муҳоҷирон ба як чашм менигарад ва ба ҳамаи онҳо кумак мекунад. Ин қадар хидматҳои Гуловро нодида гирифтан аз рӯйи мардӣ нест. Гулов муҳоҷиронро бе мамоният қабул мекунаду шояд бизнеси ӯ ва бархе аз ҳаммаслаконашро аз байн бурда бошад, ки талоши беобрӯ кардани консулро дорад”,-менависад Саидшоҳ.
Ин корбари “Озодагон” дар идома аз суханони олими амрикоие иқтибос оварда, гуфтааст, “лидерро сохта намешавад, лидерро модар мезояд. Аз ҳамин хотир аз Шумо хоҳиш менамоям, ки зӯр назанед, қуввати бардошти Гуловро надоред, боз миёнатон нашиканад. Гулов ҳам инсон аст, шояд хатое кунад, пас барои як хато ин қадар хубиҳоро надида гирифтан сифати одамгарӣ нест”.
Корбари дигаре бо номи “Тоҷик” бо пуштибонӣ аз Саидшоҳ ба шаҳрванди Русия будани Иззат Амон ишора карда, навиштааст, дар мавриди шахсияташ нофаҳмиҳои зиёд вуҷуд дорад. “Аз боздошту куштори муҳоҷирони корӣ ва ҳаводиси марбут ба онҳо зиёд хабар медиҳад, аммо чаро боре аз ин қазияҳо сафорати Тоҷикистон дар Русияро огоҳ намекунад, дар ҳоле ки ба макони ҳодиса донишҷӯеро мефиристад?”,-суол гузоштааст ӯ.
Аммо дар ин баробар корбароне ҳам аз суханҳои Иззат Амон пуштибонӣ ва фаъолияти домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро зери суол бурдаанд. Нафаре, ки исмашро Сафоҳ навиштааст, мегӯяд, Каромат Шарипов ва Иззат Амон ҳамеша барои ҳукумати феълӣ ва ҷонибдорони он хиёнаткору ҷосус ва иғвогар боқӣ мемонанд, чун ба гуфтаи ӯ ҳамеша аз муҳоҷирони корӣ ҳимоят карда, камбудии мақомотро ифшо месозанд: “Ҳар нафаре аз камбудҳои ҳукумат ҳарф занад, аз ҷониби садрнишинон чунин хонда мешавад. Дар воқеъ, Иззат намедонад, ки Ашраф Гулов ва ашхоси монади ӯ, Абдулмаҷид Достиев ҳадаф, салоҳияти кори худро намедонанд, ки аз чӣ иборат аст”.
Саид, корбари дигар дар хитоб ба ҳимоятгарони домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, “гӯш кунед! Кадом масъули сафоратхонаи Точикистон дар Русия барои мардуми мазлуми тоҷик хидмат кардааст, ки Шумо аз Ашраф Гулов пуштибонӣ доред?” Ин корбари “Озодагон” навиштааст, “ягона хидмати “хирсона”-и домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории кишвар дар Русия ин аст, ки варақаи маъруф ба “разрашени на работу”-ро бо арзиши аз ҳазору 500 то 4 ва 5 ҳазор рубли русӣ мефурӯшад, дар ҳоле ки қиммати он беш аз 200 рубл нест ва ман худам шахсан ин варақаро бо ин нарх харидаам”. Ӯ дар хитоб ба масъулин сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, “Шумо кай парво доред, ки киро дар куҷо мекушанду киро ба маҳбас мебаранд.”
Корбаре бо номи “Муҳоҷир” ҳам ба ин баҳс дахл карда, менависад, дар дохили Тоҷикистон дигар мансабе вуҷуд дорад, ки ба хешовандони чеҳраи рақами яки кишвар тааллуқ надошта бошад? Ҳадди аққал мегузоштанд, ки дар сафоратхонаҳо одамони муносибу донишманд ба кор дароянду ба халқи бечораву мазлуми ғариби худ раҳм кунанд: “Бовар кунед сафоратро ячейкаи хонаводаи худашон кардаанд. Ба ҳоли муҳоҷири зору аз меҳрубонии наздикону ватани хеш дури тоҷик раҳм кунед!” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)