Аз муаллим то духтур... ҳама ба пахтачинӣ
40 дар сади кормандони бахши тандурустӣ дар Узбакистон ба пахтачинӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Торнамои uznews.net менависад, имсол ҳам бештари кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони Узбакистон ба чидани пахта сафарбар шудаанд. “Аз шаҳри Ангрен муаллимон, пизишкон ва сарпарастони кӯдакистонҳо ба ҷамъоварии пахта фиристода шудаанд. Дар ин миён 40 дарсади кормандони тиб ҳам бояд ба ҷамъоварии пахта ҷалб шаванд, ки дар қиёс ба соли гузашта 10 дарсад бештар аст”,-навиштааст торнамо.
Ба иттилои манбаъ, пизишкон гуфтаанд, дар сурати кофӣ набудани неруи корӣ эҳтимол чор беморхонаи шаҳрӣ баста шавад: “Ба хотири нагурехтан аз саҳро нусхаи шиноснома, ҷойи қайд ва рақами телефони ҳамаи пахтачинҳо гирифта мешавад. 40-50 дарсади муаллимон ҳам дар ин маъраки ҳузур хоҳанд дошт”.
Яке аз омӯзгорони мактаби миёна гуфтааст, “мо дар мактаб ҳамагӣ 60 муаллим ҳастем. Аз ин теъдод, 28 нафар ба майдони пахта фиристонда шудаанд”.