Муфтӣ: Ба "шайхи Google" ва "шайхи YouTube" эътимод накунед
Муфтии Австралия ба мусалмонони ҷавони ин кишвар гуфтааст, ба чизҳои шубҳанок аз эҳтиёт кор гиранд.
Ӯ ба таъбири худи ҷавонон суҳбат кардаву изҳор доштааст, ба “шайхи Google” ва “шайхи YouTube” эътимод накунанд. Ба гуфтаи шайх Иброҳим Абу Муҳаммад, раҳбари мусалмонони Австралия, "ин ду “шайх” “хеле хатарноканд ва аз эътибори руҳонӣ бархурдор нестанд”.
Абу Муҳаммад ҳафтае қабл ҳамчунин аз мардуми кишвараш даъват кард, аз ҳамсояҳои мусалмони худ тарс надошта бошанд ва онҳоро хатаре барои амнияти миллии худ напиндоранд. “Мо барои мубориза алайҳи онҳое, ки тасмими халалдор кардани ҷомеаи Австралияро доранд, дар сафи пеш хоҳем буд”,- гуфтааст муфтӣ.