ВИДЕОИ шаҳомати “Кохи Наврӯз” ва истиқболу интиқод
Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон навори видеоии санъати меъмории “Кохи Наврӯз”-ро таҳия кардааст, ки чанд рӯзи пеш ифтитоҳ гардида, нахустин меҳмононаш раисони ҷумҳури Эрон, Афғонистон, Чин, Русия, Муғулистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва дигар афроди воломақом аз дохилу хориҷи кишвар буданд.
Ин бино, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар соҳили кӯли ҷавонон, бо шукуҳу шаҳомати хосса бунёд ёфтааст, миёни сокинону коршиносон назарҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Бисёриҳо аз ин бино ҳамчун нишонаи бузурги фарҳангу меъмории миллӣ истиқбол мекунанд, аммо қисми дигар бо зикри бенавоии мардум ва заъфи иқтисоди Тоҷикистон сарфи маблағҳои калонро барои чунин биноҳо нолозим мешуморанд.
Қаблан сомонаи eurasianet.org арзиши ин биноро беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ кард, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Расман то ҳол дар бораи арзиши ин бино иттилое дода нашудааст.