Норозигии "Ғарибшо" аз ҳушдори Кумитаи дин
Бахтиёр Раҳимов, раҳбари театр-студияи “Ғарибшо-компания” барои яке аз саҳнаҳои ҳаҷвии худ аз сӯйи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳушдор гирифтааст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, 15 сентябр бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, “ба раҳбари театр-студияи Ғарибшо-компания ба хотири нодида гирифтани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар як саҳнаи ҳаҷвияш ҳушдор дода шуд.”
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, Бахтиёр Раҳимов дар ин саҳнааш “пулчошӣ” кардааст ва Кумитаи дин барои он, ки амалаш ҳамчун таблиғ қабул нашавад, ба ӯ огоҳӣ додааст. Ҳушдори раҳбари театр-студияи “Ғарибшо-компания” аз сӯйи кумитаи дин дар ҳолест, ки тайи 12 моҳи соли 2013, 10 овозхон ва 4 мансабдори тоҷик барои нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ҷарима шудаанд.
Бахтиёр Раҳимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, воқеан барои як саҳнаи ҳаҷвияш ба кумитаи дин даъват шуд, аммо расман огоҳие нагирифтааст. Ӯ дар шарҳи ҷузъиёти суҳбаташ бо масъулини кумитаи дин афзуд, “онҳо мақсади моро дигар хел фаҳмидаанд. Фаҳмондам, ки ҳадафи мо он буд, ки мардум бинанду такрор накунанд. Агар ин хел бошад, бармеояд, ки мо дигар дар саҳначаҳоямон ягон камбудиро нишон надиҳем?...”
Раҳимов ҳамчунин аз “хурдагирӣ”-и кумитаи дин интиқод намуд, ки ҳамаи корро монда ба як саҳначааш кордор шудаанд. Ӯ афзуд, “дар ниҳоят суҳбат кардему ба якдигарфаҳмӣ расидем. Онҳо изҳор доштанд, ки мо шуморо дигар хел фаҳмида будем.”
Мусоҳиби “Озодагон” илова намуд, саҳнаи “пулчошӣ”-аш се моҳи пеш дар барномаи консертии Зиёвиддини Нурзод сурат гирифтааст, ки ҳадафи он ислоҳ ё аз байн бурдани ин зуҳурот буд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)