Сисӣ сафири нави Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
Хусрав Нозирӣ, сафири нави Тоҷикистон дар Миср эътимодномаи худро ба раиси ҷумҳури ин кишвар – Абдулфаттоҳ Сисӣ супорид.
Ба навиштаи нашрияи “ал-Аҳром”-и Миср, ин маросим 14 сентябри соли ҷорӣ дар кохи раёсати ҷумҳури ин кишвар баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар баробари сафири Тоҷикистон дар Қоҳира, сафирони тозатаъйини 18 кишвар, аз ҷумла Фаластин, Исроил, Бритониё, Эстония, Судон, Кореяи Шимолӣ, Олмон, Эквадор ва Венесуэла низ эътимодномаи худро зимни ин маросим ба Сисӣ тақдим кардаанд.
Хусрав Нозирӣ собиқ раҳбари департаменти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон оид ба умури Осиё ва Африқо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар нимаи моҳи майи соли равон сафири нави Душанбе дар Қоҳира таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Назруллоҳи Назарро иваз кард.