Эмомалӣ Раҳмон ба гумруки Тоҷикистон бовар надорад?
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузоришу баромадҳояш зимни сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Душанбе ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ду миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.
Тибқи гузориши дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба гардиши мол миёни ду кишвар дахл карда, афзуд, “ҳанӯз чанд сол қабл мо ҳатто тасаввур карда наметавонистем, ки ҳудуди ду миллиардро дар тиҷорати мутақобила мегузашта бошем. Имрӯз мо пеши худ вазифа гузоштаем, ки дар тӯли панҷ соли оянда нишондиҳандаи гардиши дуҷонибаи савдоямонро то ба се миллиард доллар расонем.”
Ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз ҳадди 2 миллиард доллар гузаштани гардиши мол миёни Чину Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 ҳамагӣ ҳудуди 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баромадҳояш ба иттилои мақомоти чинӣ такя намудааст, ки ба ҳисоби онҳо гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 аз ду миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст.
Ҳолдонҳо дар шарҳи ин фарқияти калон миёни омори Чину Тоҷикистон изҳор медоранд, ки дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомот, яъне, бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд, аммо буҷаи Тоҷикистон садҳо миллион маблағро аз даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз имзои 16 созишномаи нав бо Чин хабар дода, меафзояд, дар сурати татбиқи онҳо ба иқтисодиёти кишвар 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ворид хоҳад шуд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)