Ёқутистон: Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми маблағгузории “Толибон”
Дар Ёқутистон ё Якутияи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар сармоягузории созмони “Толибон”, ки дар марзи Афғонистону Покистон фаъолият мекунад, боздошт шудааст.
Бино ба иттилои ИТАР-ТАСС, дастгиршуда дар маблағгузории созмони “Ҳаракати Толибон”, ки Русия онро террористӣ медонад ва фаъолияташро манъ кардааст, айбдор шинохта мешавад. Ба иттилои манбаъ, ӯро кормандони Раёсати хадамоти федеролии амният (ФСБ) дар пайи як амалиёти вижа дастгир кардаанд.
Аз ин нафар ном бурда нашудааст. Гуфта мешавад, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.