Як голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Сингапур
Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) дар доираи 17-умин бозиҳои олимпии Осиё яккачини Сингапурро шикаст дод. Голи ягонаро Сиёвуш Асроров дар дақиқаи 87 ба нишон расонд.
Футболбозони тоҷик 17 сентябр бо мунтахаби Фаластин ва 21 сентябр бо тими Уммон қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Натоиҷи қуръакашӣ:
Гурӯҳи “А”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Лаос.
Гурӯҳи “B”: Узбакистон, Ҳонконг, Бангладеш, Афғонистон.
Гурӯҳи “С”: Умон, Фаластин, Сингапур, Тоҷикистон.
Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Кувайт, Ироқ, Непал.
Гурӯҳи “E”: Тайланд, Молдив, Тимори Шарқӣ, Индонезия.
Гурӯҳи “F”: Кореяи Шимолӣ, Чин, Покистон.
Гурӯҳи “G”: Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Урдун.
Гурӯҳи “Н”: Эрон, Ветнам, Қирғизистон.
Дар Бозиҳои осиёӣ танҳо футболбозони то 23-сола иштирок мекунанд, аммо ҳар даста ҳуқуқ дорад, се бозигари синнаш аз 23 болоро ба ҳайат ворид намояд. Мусобиқоти мазкур то чоруми октябр дар Инчхони Куриёи Ҷанубӣ ҷараён мегирад.