Пас аз як моҳ... Ҷасади Осияи 5-сола ёфт шуд
Ҷасади Осияи 5-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки аз рӯзи 8 августи соли ҷорӣ ба ин сӯ бедарак буд, дар ноҳияи Ҳисор пайдо гардидааст.
Ба иттилои пулис, ҷасади Осия аз даруни ҷӯйборе дар деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор ёфт шуда, дар он нишонаҳои марги маҷбурӣ дида мешавад. Аммо Сайид Ҷӯрахонов, сардори раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба "Озодагон" гуфт, то ҳол натиҷаи ташхиси ҷасади Осия маълум нашудааст: "табибон ташхис доранд. Аз натиҷаи он ба шумо маълумот медиҳем".
Осия рӯзи 8 август дар маҳаллаи “Садбарг”-и шаҳри Душанбе бедарак шуд. Обфурӯши назди манзили Осия дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, “Осия барои обхарӣ назди мо омад. Ростӣ, намедонем, ӯ аз кадом тараф омад. Фақат ӯро дар наздамон дидем, ки об нӯшидан мехост. Баъдан аз назди мо рафт. Бори охир ӯро дар ҳамин ҷо дидем”.
Хонаводаи Осияи панҷсола ҳамсояи Сабина ва Малика Араловаҳоянд, ки 25 марти соли 2013 ғайб задава то ҳоло бедараканд. Ба ин қазия моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кард. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кард барои пайдо намудани Малика ва Сабина чораҳои заруриро биандешанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)