Оғози сафари расмии раисиҷумҳури Чин ва интизории миллиардҳо $ дар Душанбе
Имрӯз, 13-уми сентябр дар шаҳри Душанбе сафари расмии Сӣ Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин оғоз гардида, интизор меравад, ки то субҳи 14-уми сентябр идома ёбад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар дар Қасри Миллат баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ дар пайи мулоқоти ҳайатҳои васеи ду кишвар ва музокироти расмӣ ба имзо расидани 16 санад дар назар аст.
Инчунин дар назар аст, ки сарони ду кишвар дар маросими ифтитоҳи марҳилаи аввали Маркази гарму барқдиҳии 2-и Душанбе иштирок карда, санги асоси марҳилаи дуюмро мегузоранд.
Баъди зуҳри 13-уми сентябр интизор меравад, ки Сӣ Ҷинпин дар маросими оғози бунёди лӯлаи гази Осиёи Миёна-Чин иштирок намояд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар шаҳри Бишкек оид ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон созишнома бастанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва дар назар аст, тариқи он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад: “Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.”