Тимҳои Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ дар бунбасти сиёсӣ ҳамдигарро айбдор мекунанд
Тими "Ислоҳот ва ҳамгароӣ"-и доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо баргузории як нишаст бо нухбагон ва сиёсатмадорони Афғонистон гуфтааст, тими рақибаш барои ташкил кардани ҳукумати ваҳдати миллӣ алоқаманд нест.
Фазлулраҳмон Урё, узви тими "Ислиҳот ва ҳамгароӣ" дар ин нишаст гуфтааст, тими "Таҳавул ва тадовум" дар сурати алоқамандӣ метавонад дар ин ҳукумат ширкат кунад, дар ғайри он бо инзивои сиёсӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ӯ гуфтааст, "Тими Ашраф Ғанӣ дар амал барои ташкили давлати ваҳдати миллӣ ҳавасманд нест ва маҷбур ҳастем ҷиҳати хатми буҳрони кунунӣ дар кишвар, бидуни тими "Таҳавул ва тадовум" бо соири нерӯҳои сиёсӣ ва нухбаҳои кишвар якҷо ба сӯи ташкили давлати ваҳдати миллӣ ҳаракат кунем".
Аммо Тоҳири Заҳир, яке аз сухангӯёни тими "Таҳавул ва тадовум" нишасти тими "Ислоҳот ва ҳамгароӣ"-ро, ки бидуни ҳузури онҳо гузашт, хилофи қонун хондааст: "Тими муқобил гоҳе раванди техникиро тарк мекунад ва гоҳе ҳам аз раванди музокироти сиёсӣ ҷудо мешавад ва қаҳр мекунанд. Мо мегӯем, ки бо қаҳр кор ба ҷойе намерасад ва ин гуна изҳоротро хилофи тааҳҳудот медонем, ки қаблан миёни ҳар ду номзад анҷом шуда ва кор аз ин гуна изҳороти ғайримасъулона ба ҷойе намерасад".
"Ислиҳот ва ҳамгароӣ" худро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ медонад ва натиҷаи орои муқаддамотиро қабул накард. Ашраф Ғанӣ ҳам мегӯяд, дар интихобот ӯ пирӯз шудааст. Бо миёнҷигарии Амрико ду номзад барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд, аммо ахиран ин талош ҳам дучори бунбасти сиёсӣ шуд.