Манбаъ афзуд, модулҳои «Асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби Маркази UN APCICT барои таҳкими донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ оид ба истифодаи теҳнологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақаҳо пешбинӣ шудаанд. Феълан, модулҳои мазкур ба забонҳои англисиву русӣ, индонезӣ, мянмарӣ ва ветнамӣ датраси муштариён гаштаанд. Бо ибтикори Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон акнун 8 модули таълимии Академияи ТИК аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд. Пас аз муаррифии расмии модулҳои Академияи APCICT ба забони тоҷикӣ 14-18 сентябри соли 2011 дар осоишгоҳи «Сароб» воқеъ дар деҳаи Хоҷа-Обигарми ноҳияи Варзоб тренинг барои омода кардани тренерҳои маҳаллӣ аз рӯи се модули нисбатан муҳими академия сурат мегирад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар тренинг 26 нафар намояндаҳои дастгоҳи раисиҷумҳур, Институти бозомӯзии касбии хидматчиёни давлатӣ, макотиби олии кишвар ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд. Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба Осиё ва Ҳавзаи Уқёнуси Ором барои ТИК ва рушд барои доир намудани ин омӯзиш тренеронро аз Муғулистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон даъват кардааст. Чунин тренингҳо дар моҳҳои октябру ноябри соли равон дар марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон низ баргузор мегарданд.{jathumbnail off}