Боздошти як тоҷик ба иттиҳоми ҷанг алайҳи ҳукумати Ироқ
Вазорати дифои Ироқ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки гӯиё аз ҷониби созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) алайҳи ҳукумати ин кишвар меҷангид.
Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи даргирии неруҳои низомии Ироқ бо ҷангҷӯёни ДИИШ дар минтақаи Анбори ин кишвар ду нафар боздошт шудаанд, ки яке шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва дигарӣ табааи Тоҷикистон мебошанд. Аммо дар бораи ному насаби афроди боздоштшуда маълумоте нест.
Расонаҳои ироқӣ бо такя ба Вазорати дифои кишварашон хабар додаанд, неруҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо сарбозони кишварҳои ғарбӣ тавонистаанд, минтақаи Анборро аз ҷангҷӯёни ДИИШ озод намоянд. Хабари боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар задухурдҳои мусаллаҳ бо ҷангҷӯёни ДИИШ дар ҳолест, ки ахиран торнамоҳои марбут ба ДИИШ аз кушта шудани як тоҷики мулаққаб ба “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқаи минтақаи Раққаҳи Сурия хабар дода буданд. Инчунин ДИИШ аз "мансабгирӣ"-и як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин созмон иттилоъ дода, гуфт, “халифа”- Абубакр Бағдодӣ як тоҷикро амири Раққаҳ таъин намудааст.
Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои Сурияро ҳудуди 200 нафар мегӯянд, аммо як ҷавони тоҷик бо номи “Абу Холиди Кӯлобӣ” бо нашри навори видеоие гуфт, беш аз 500 табааи Тоҷикистон алайҳи ҳукумати Башшор Асад меҷанганд.