Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки фардо 12 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, раҳбарон ва намояндаҳои кишварҳои аъзо ва нозири созмон ба Тоҷикистон меоянд.
Нахустин шуда, райиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе омад. Ҳасани Руҳонӣ рӯзи гузашта (10 сентябр) аз Қазоқистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда, бо президент - Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ дошт. Райиси ҷумҳурони ду кишвар бо пахши тугма чархаи дуюми неругоҳи "Сангтуда-2"-ро ба кор дароварданд. Ҳамчунин, Руҳонӣ бо олимону донишмандони тоҷик суҳбат намуд.
НАВОРИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАҲМОНУ РУҲОНӢ ИНҶОСТ
11 сентябр нахустин шуда, Тсахиагийн Элбэгдорҷ, райиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе омад.
НАВОРИ ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ МУҒУЛИСТОНРО ИНҶО БУБИНЕД
Баъдан, Сартач Азиз, вазири умури хориҷӣ ва мушовири сарвазири ҷумҳурии исломии Покистон оид ба масоили сиесӣ ва амнияти байналмилалӣ ташриф овард.
Тайёраи Си Ҷинпин, райиси ҷумҳури Чин соатҳои 12:10 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.
НАВОРИ ИСТИҚБОЛ АЗ РАЙИСИ ҶУМҲУРИ ЧИН
Баъди зуҳр, аввалин меҳмонони Тоҷикистон Ислом Каримов, райиси ҷумҳури Узбакистон ва Владимир Путин, президенти Русия буданд.
ВИДЕОИ ВУРУДИ ИСЛОМ КАРИМОВ ИНҶОСТ
НАВОРИ ИСТИҚБОЛ АЗ ВЛАДИМИР ПУТИНРО ИНҶО БУБИНЕД
Бо фосилаи андак Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Рашид Муродов, вазири умури хориҷии Туркманистон ҳам вориди пойтахти Тоҷикистон шуданд.
ВИДЕОИ ИСТИҚБОЛ АЗ НАЗАРБОЕВ
Гуфта мешавад, раиси ҷумҳурони Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон низ имрӯз вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.
Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон давлатҳои нозири созмони мазкуранд. Ахиран дар мавриди зиёд шудани теъдоди кишварҳои аъзо сару садоҳое баланд мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар як матлабаш гуфтааст, Маскав хостори пайвастани чанд давлати дигар ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Бо вуҷуд ҳоло маълум нест, ки аз пайвастани аъзои нав дар ҳамоиши Душанбе эълон мекунанд ё дар саммити оянда, ки қарор аст дар шаҳри Уфаи Русия баргузор шавад. Коршиносон шонси Эрон, Муғулистон ва Ҳиндустонро барои аъзои СҲШ шудан бузург арзёбӣ мекунанд. Ҳасанӣ Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ТоҷикистонТсахиагийн Элбэгдорҷ, райиси ҷумҳури Муғулистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сартач Азиз, вазири умури хориҷии Покистон
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)