Маҳкумияти ҷавони тоҷик барои латукӯби пулиси рус
Додгоҳи минтақаи Перми Русия як ҷавони 23-солаи тоҷикро барои латукӯби корманди пулис ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора Кумитаи тафтишотии минтақаи Перм иттилоия пахш карда, афзудааст, ки худи қазия шаби 11-уми феврали соли равон рух додааст.
Ба иттилои манбаъ нозири роҳ мошинеро манъ кардааст, ки сари фармони он ронандаи сархӯш қарор доштааст: “Маҳкумшуда, ки мусофири ин мошин будааст, дар ҳолати мастӣ талош намудааст, барои иҷрои вазифаҳои хидматии нозири роҳ монеа эҷод кунад ва ду бор ба қисми зонуи ӯ зарба задааст.”