Нашри фатвои куштани сагони девона дар Тоҷикистон
Дар пайи шикоятҳои зиёд ва тарси сокинон аз афзоиши сагони девона дар Тоҷикистон сомонаи хонаводагии Тураҷон. Орг фатвое нашр кардааст, ки куштани ин гуна сагонро ҷоиз медонад.
Тураҷон. Орг, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо навиштааст, “агар сагҳои дайду газанда бошанд, куштани онҳо ба иттифоқи олимон ҷоиз аст.”
Ин фатво дар ҷавоб ба суоли корбаре мебошад, ки гуфтааст, “сагҳои бесоҳиби газанда ба мусалмонон зарар мерасонанд. Аз ҷумла дар вақти намози хуфтану бомдод аз ҳароси сагҳо баъзеҳо ба масҷид намераванд. Оё куштанашон ҷоиз аст?”
Turajon.org дар идомаи посух ба ин суол аз суханони паёмбар (с) иқтибос оварда, мегӯяд, 5 ҳайвон аст, ки Ислом ба куштани онҳо иҷоза додааст ва яке аз онҳо ин саги газанда мебошад. Дар шарҳи ин гуфтаҳо торнамо илова кардааст, агар ин сагҳо соҳиб дошта бошанд, ба хотири ҳалли ин мушкил ба онҳо муроҷиат кунед.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҳадафи ҳамлаи сагони девона қарор гирифтани 23 сокини ин минтақа дар давоми ду-се рӯз хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, дар пайи як амалиёти кормандонаш 92 саг аз деҳоти зикршуда безарар гардонида шуданд.