АКСУ ВИДЕО: Райиси ҷумҳури Муғулистони вориди Душанбе шуд
Тсахиагийн Элбэгдорҷ, райиси ҷумҳури Муғулистон ба Душанбе омад.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, Элбэгдорж чанд лаҳза қабл аз тайёра берун омад. Ӯро Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. Интизор меравад, Тсахиагийн Элбэгдорҷ бо райиси ҷумҳури Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кунад.
НАВОРИ ТАШРИФИ РАЙИСИ ҶУМҲУРИ МУҒУЛИСТОН ИНҶОСТ
Райиси ҷумҳури Муғулистон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омад, ки кишвараш дар он мақоми нозирро дорад. Гуфта мешавад, шонси Муғулистон барои аъзои комилҳуқуқи СҲШ шудан хеле бузург аст.