Вакили парлумон: Касе монеи ҳиҷобпӯшӣ аст, муҷозот гардад
Яке аз вакилони парлумони Қирғизистон хостори муҷозоти афроде шудааст, ки барои ҳиҷобпӯшии донишомӯзон монеа эҷод мекунанд.
Торобой Зулфиқоров, намояндаи мардумии қирғиз аз Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар пешниҳод кардааст, ҳар мудири мактабе, ки монеи ҳиҷобпӯшии донишомӯзон мешавад, пушти панҷара бикашанд. Ӯ гуфтааст, “ҳар донишомӯз ҳақ дорад, зиндагии шоиста ва ақидаи шахсии худро дошта бошад. Ин арзишҳо бояд аз замони ба дунё омадани инсон ҳифз шаванд.”
Ба гуфтаи Зулфиқоров, дар ҳоли ҳозир 20 вакили парлумони Қирғизистон эътирози худро алайҳи либоси ягонаи мактабӣ дар ин кишвар баён карда, хостори ба инобат гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми роҳандозии ин иқдом шудаанд. Намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон дар шарҳи ин ҳарфҳои худ илова кардааст, “бар асоси меъёрҳои динӣ кӯдакон набояд эҳсоси хиҷолатзадагӣ ё нақзи ҳуқуқ кунанд. Вақте мо ба сокинон озодии динӣ додаем, пас бояд мақомоти додситонӣ алайҳи тамоми раҳбарони макотиб, ки монеи пушидани либосҳои исломӣ мешаванд, парванда боз кунад.”