Душанбе интизори ташрифи меҳмонони СҲШ
Интизор меравад, то зуҳри имрӯз, 11 сентябр раҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), нозирон ва шарикони ин созмон ба Душанбе ташриф биёранд.
Гуфта мешавад, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ раиси ҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Муғулистон ва Афғонистон имрӯз ба Тоҷикистон меоянд. Раиси ҷумҳури Эрон-Ҳасани Руҳонӣ, рӯзи гузашта вориди пойтахт шуд ва бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Покистонро нахуствазир ва Ҳиндустонро вазири умури хориҷияш намояндагӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон давлатҳои нозири созмони мазкуранд. Ахиран дар мавриди зиёд шудани теъдоди кишварҳои аъзо сару садоҳое баланд мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия низ дар як матлабаш гуфтааст, Маскав хостори пайвастани чанд давлати дигар ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст. Бо вуҷуд ҳоло маълум нест, ки аз пайвастани аъзои нав дар ҳамоиши Душанбе эълон мекунанд ё дар саммити оянда, ки қарор аст дар шаҳри Уфаи Русия баргузор шавад.