Номаҳои шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон: аз Путин то Елизаветаи II ва Папаи Рум
Ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз номи як қатор раҳбарони кишварҳои хориҷӣ барқияҳои шодбошӣ расидааст.
Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Владимир Путин, президенти Русия дар номаи табрикияш гуфтааст, муносиботи шарикӣ, ҳамкориҳои мавҷудаи миёни Русия ва Тоҷикистонро баҳои баланд медиҳад. Владимир Путин гуфтааст, мутмаинан дар оянда бо муваффақият муколамаи созандаи сиёсӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва робитаҳои гуманитарӣ, инчунин кушишҳои ҳамоҳанг дар ҳалли масоили муҳими рӯзмарраи минтақаро вусъат хоҳанд дод: “Ин аз ҳар ҷиҳат ҷавобгӯи манофеи халқҳои бародари мост ва ба самти таъмини субот ва пешрафти Осиёи Марказӣ равона аст”.
Си Тзинпин, раиси ҷумҳурии Чин дар номаи табрикотии худ иброз доштааст, давоми 23 сол, пас аз соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушдро тай намуда, корҳои давлатӣ рӯз то рӯз мешукуфанд. Си Тзинпин илова намудааст, ки ҷониби Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегӣ аз ин муваффақиятҳо самимона шод аст: “Бесаброна мунтазири мулоқот бо Шумоям, ки мо метавонем дар бораи дӯстиамон табодули назар кунем ва якҷоя нақшаи ояндаи муносиботи Хитою Тоҷикистон ва рушди СҲШ-ро баррасӣ намоем”.
Подшоҳи Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн - Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик офияту саодатмандӣ таманно намуда, гуфтааст, ба халқу ҳукумати Тоҷикистони бо онҳо бародар пешрафту шукуфоии пайдарпай хоҳонанд.
Манбаъ мегӯяд, Александр Лукашенко ва Пранаб Мукерҷӣ, президентҳои Белорус ва Ҳиндустон дар номаҳои шодбошии худ ба Эмомалӣ Раҳмон хоҳонӣ саломатии бардавом ва муваффақияти мардуми Тоҷикистон шудаанд. Александр Лукашенко ва Пранаб Мукерҷӣ гуфтаанд, тайи солҳои соҳибистиқололии Тоҷикистон ҳамкориҳои хубе доштанд ва ба боварӣ доранд минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф рушд хоҳанд ёфт.
Бино ба иттилои манбаъ, маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ - Елизаветаи II, президенти Конфедератсияи Швейтсария - Дидйе Бурхалтер, Папаи Рум - Франсиск, котиби генералии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - Николай Бордюжа, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон - Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV ҳам ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол намудаанд.