Шветсия ҳанӯз интизори посухи Тошканд дар мавриди наздикони Гулнора Каримова аст
Гуннар Стетлер, сардори раёсати мубориза бо фасоди Додситони кулли Шветсия, зимни муроҷиат ба Додситони кулли Узбакистон тақозо кардааст, дар бораи Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров, ки дар моҳи май аз озодӣ маҳрум шуданд, иттилоъ бидиҳад.
Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров ҳамроҳ бо Гулнора Каримова гумонбарони аслӣ дар парвандаи “пулшӯӣ ва порагирӣ” дар Швется ва шаҳрҳои дигари Аврупо маҳсуб мешаванд. Тибқи иттиллои бахши узбакии Радиои “Озодӣ” (Озодлик) Додситони Шветсия гуфтааст, ҳукумати Узбакистон дар бораи одамони ба духтари раиси ҷумҳур наздик иттилоъ намедиҳад. Илова бар ин, нозирон мегӯянд, Узбакистон бо зиндонӣ кардани шахсони калидӣ таҳқиқотро дар Аврупо ба нокуҷо мебарад.
Гуннар Стетлер мегӯяд, ҳукумати Узбакистон то ҳол ба дархости ӯ ҷавоб нагуфтааст: “Мо ба ҳукумати Узбакистон муроҷиат кардем, ки бароямон дар бораи Гаяне Авакян иттиллоъ диҳад. Гуфтан душвор аст, ки онҳо ба дархости мо ҷавоб медиҳанд ё на. Мо аз онҳо пурсидем, ки дар қазияи Авакян боз кӣ дахил буд ва ӯро бо чӣ ҷурме мутаҳҳам донистанд. Ин дархостро моҳи август равон кардем ва то ҳол ҷавоб нагирифтаем. Каме дигар ҳам бояд мунтазир бимонем. Мо дарк мекунем, ки дарёфт кардани посух аз роҳҳои қонунӣ вақт мехоҳад”,- гуфтааст ӯ.
18 июл Додситони кулли Узбакистон тасдиқ кардааст, ки рӯзи 24 май Додгоҳи низомии ин кишвар парвандаи 13 нафар, бо шумули Гулнора Каримова, Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаровро, ки дар тиҷоратҳои фасодзада дахил будаанд, баррасӣ кардааст. Онҳо ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Гаяне Авакян, Рустам Мадумаров ва Гулнора Каримова дар парвандаҳои ҷиноӣ дар Шветсия, Шветсария, Фаронса, Латвия ва Ҳолланд мутаҳҳам дониста мешаванд.