Сайф САФАР
Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” бо Меҳмоншоҳ Шарифзода, докторанти Донишгоҳи Бергени Норвегия
"ОЗОДӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТРО ҲАНӮЗ БО НОМ ДОРЕМ"
Озодагон: Чун дар арафаи таҷлил аз Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон қарор дорем, Шуморо табрик мекунам ва суоли нахустин ҳам дар мавриди Истиқлолият аст. Дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон ва шеваи ба даст омадани он баҳсҳо зиёд аст. Гуруҳе онро як чизи безаҳмат ва муфт унвон мекунанд ва ҷойе хондам, ки онро “тарошае аз бом” ҳам гуфтанд. Шумо чӣ назар доред?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Шумо, кормандон “Озодагон” ва кулли Озодагони Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлол табрик мегӯям! Бале, озодӣ ва истиқлолиятро ҳанӯз бо ном дорем ва барои пурра мустаҳкам кардани он кор бояд кард. Фикр мекунам, барои шинохти истиқлолият дар як матн (контекст) ба ин савол ҷавоб бояд ҷуст, ки “кӣ тасмим мегирад ва то куҷо дар тасмимгирӣ озод аст?”. Ва ин масъаларо дар ҳолатҳои фавқулодда, дар масъалаҳое, ки ба ҳаёту мамоти мардуми мо дахл доранд шинохтан мумкин аст.
Масалан, барои сохтмони Роғун ҳарчанд мо ҳақ ҳастем, вале мушкилоти дохилӣ ба мо имконияти дар сатҳи байналмилалӣ гуфтани ҳарфи равшани худро намедиҳад. Мо тасмим гирифта наметавонем ва дастнигари дигаронем, то барои мо тасмим бигиранд. Барои дар дунёи имрӯз мавқеъ ва фазойи мустақили сиёсии худро доштан ва тасмим гирифтан тавонистан, бунёди ин фазоро сохтан даркор аст. Барои ин чанд технологияҳо дар як вақт дар ҳамоҳангӣ дар мамлакат бояд дар кор бошанд, ки ҳамоҳангии худӣ (шахсиятҳо) - ҳақиқат (арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо)- қудратро дар роҳи ҷаҳонсозӣ ва фазосозӣ ба вуҷуд оварда тавонанд.
Пеш аз ҳама, фикр мекунам, ин барқарор кардани иқтисод, саноат ва хоҷагии қишлоқи мустаҳками ба илм ва технология такякунанда аст. Фазойи солими меҳнатӣ, ҷойи кор ва шароити зисти инсонӣ ин зиннаи аввали истиқлол аст ва истиқлолро наметавон болои меҳнати муҳоҷирон бунёд кард. Дуввум, иқтисод ва тарақиёти муносибати озоди бозорӣ имкони ба вуҷуд омадани ниҳодҳои солими амалкунанда дар ҷомеа ва аз ҳама муҳим боиси шаклгирии як фазойи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангие мешавад, ки ҳама ба маҳдудаҳои маҳаллӣ, мазҳабӣ, миллии худ нигоҳ накарда, имкони муносибати баробар ва озодро пайдо мекунанд. Бубинед, имрӯз дар Тоҷикистон мардуми музофот ва маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ба таври сунъӣ муттаҳид шудаанд, ваҳдати воқеӣ нест, ки ин кори хайр набуда, аз ин ҳолат ҳар як сиёсатбози навбатӣ метавонад ба фоидайи худ истифода кунад.
Сеюм, вақте ки сиёсати амалӣ аст дар фазойи солим метавон бишиносем, ки дар ин раванд то куҷо ҳақ ҳастем ва он гоҳ идеологияи воқеии мо метавонад шакл бигирад. Мутассифона дар мо, аз сабаби он ки барои истиқлолият мисли мардуми назди Балтик мубориза набурдем ва он ба гуфти собиқ президенти кишвар раҳматии Раҳмон Набиев “мисли метеорит ба сарамон афтид”, ҳанӯз ҳам маризиҳои таърихӣ вуҷуд доранд ва истиқлоли мо сахт заиф аст. Ҳатто баъди сулҳи Тоҷикон ҳам сиёсатмадорони тоҷик ба ду чизи ниҳоят муҳим содиқ намонданд: ба бахшиши воқеии тарафайн ва ваъдаҳои додаи худ. Ва ин ҳолат боиси ба таври сунъӣ нигоҳ доштани вазъи фавқуллода дар баробари як қисмати мардуми худ гардидааст.
Ҳанӯз як гуруҳи болотар аз қонун ва бар хилофи қонун нисбат ба гуруҳи дигари аз сиёсат дур кардашуда ҳар гуна тасмиме, ки мехоҳанд, мегиранд. Хулоса ин ҷо, истиқлолро (озодиро) гуруҳе, ки маҳдудиятҳои авлодӣ ва маҳаллӣ доранд моли худ кардаанд, як қисми дигар танҳо шиорбардор ва саногӯйи ин гуна истиқлоланд ва аксарият дар муҳоҷират ва ё дар кишвар заҳмат мекашанд, то ин «истиқлолият»- и танҳо барои як гурӯҳ ва «орзӯ» барои аксарият нигоҳ дошта шавад. Ин ҷо баъзе ҳарфҳо сахт заруранд ва бисёр хуб мешуд ки ба гӯши мардум бирасанд, он чунон ки навишта шудаанд.
МАҒЗҲОИ МИЛЛИИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ВА “МАҒЗҲОИ ҶАҲОНИИ” САТҲИ МУЗОФОТУ МАҲАЛ
Озодагон: Шумо дар мавриди “худӣ”зиёд менависед. Мехостам, бори дигар дар чанд ҷумла “худӣ”-ро таъриф (define) кунед.
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Мутассифона, ин мафҳумро ба чанд ҷумла муайян кардан мушкил аст. Аслан «худӣ» (the self ё moi ба фаронсавӣ) мафҳуми илмист, ки имрӯз махсус дар уллуми иҷтимоӣ зиёд истифода мешавад. «Худӣ» – ро дар забони тоҷикӣ аз “манӣ”, “маният” ва “худ”- е ки дар таркиби калимаи “худпарастӣ” аст, фарқ бояд кард ва ин маънии (ҷавҳар ё нуқта) амиқ ва пурзарфиятест, ки муносибату бархурди инсонро бо олами атроф ва бо дигар мардум, идеяҳо, чизҳо, руйдодҳо ва бо худи инсон муайян мекунад. Ва бо истифода аз ин маънӣ, яъне худӣ, метавон аз раванди ташаккули шахсият ва ё ҷомеа вобаста ба бархӯрдашон бо “ғайр” ё “дигар” (other, object…) ё мушкилоти дигари дар баробараш буда огоҳ шуд ва ин равандро ба осонӣ дид.
Таҷрибаи Ғаззолӣ ва ин ки ӯ дар китоби эътирофии худ дар бораи он ки чӣ гуна ду буҳрони равонӣ-эпистемологиро аз сар гузаронд, метавонад мисоли хубе барои донишҷӯён дар масъалаи шинохти «худӣ» бошад. Албатта Ғаззолӣ худ ин мафҳумро истифода накардааст, вале раванди тағйирёбии шахсият ва ҷаҳонбинии ӯро вобаста бо дигаршавии таҷриба ва дониши ӯ дар роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқате, ки дар пайяш буд метавон равшан дид, ки ин нуқтаи тағирёбиро «худӣ» мегӯянд. Ва ин чизро дар китобҳои эътирофии Ғаззолӣ, Тусӣ ва дигарон дар масъалаи шинохт равшан дидан мумкин аст. Бахусус дар Ғаззолӣ таҷрибаи чӣ тавр “маният”-и (эгоизм) дар зери таъсири бозиҳои сиёсӣ ва идеологии вақт ташакуллёфтаашро мешиканад, омӯзанда аст.
Фикр мекунам, шинохти ин маънӣ ва ё ин нуқта, имкони беҳтари ба таври илмӣ-танқидӣ назар доштан ба тафаккури гузашта ва имрӯзаро фароҳам меорад. Аз мутафаккирони имрӯзаи дунё мисол зиёд овардан мумкин аст, масалан, Мишел Фуко ва дигарон, ки аз ин мафҳум истифода карда муносибат ва таъсири қудрат ва донишро дар шаклгирии маънавиёт ё шахсияти мардум таҳқиқ кардаанд, ки чӣ тавр ба ин восита мардум мавриди истифодаи қудратҳо мегарданд.
Озодагон: Оё такя кардан ба “худӣ” воқеан ҷомеаи моро беҳбуд мебахшад?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Фикр мекунам, ки чун «худӣ» мафҳуми калидии шинохт (cognition) аст, аз ин рӯ мафҳуми калидӣ барои ташаккули шахсият, ҳақиқат, қудрат ва ҷаҳонсозӣ ва фазосозӣ ҳам ҳаст. Бо ин мафҳум сатҳ ва мавқеи худро дар ҷомеа ва ё дар матни ҷаҳони имрӯза муайян кардан ва ба ин восита ба раванди созандае аз таҷриба ва дониш дохил шуданамон мумкин аст, ки тавонем барои худ дар ҷаҳони имрӯз фазое созем. Масалан, шинохти мавқеи худ баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва шинохтани дигарон (others), ки дар муайян кардани муносибатамон бо дигарон сахт зарур аст, то тавонем дар дунёи имрӯз дар баробари дигарон он ашёи сохтмонӣ набошем, балки ҳамчун як субъекти мустақил бо дигарон муносибат карда тавонем. Ва барои ба ин сатҳ расидан, ки бо дигарон муносибати баробар дошта бошем ва то аз мо ҳар чиз насозанд бояд шароитеро барои инсонҳои дорои фикри озод ва мустақил ба вуҷуд оварда тавонем. Ин масъалаи тарбия, мактаб, маориф ва доштани ҷомеаи солим аст.
Мутаасифона, имрӯз дар Тоҷикистон аз чорчубаҳои ҳақиқат, ки дар давраи шуравӣ буд, баромада натавониста истодаанд ва мустақилияти фикрии худро надорем. Ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотӣ сахт заифанд ва ниҳодҳои қудратиро дида истодаем, ки ба чӣ корҳо машғуланд. Фикр мекунам ҳанӯз, ки фурсат ҳаст фазои солими созандаро барои ташаккули фардият, ҳақиқат ва қудрат дар Тоҷикистон ташкил кардан даркор, то тавонем дар дохил ва дар берун ҷаҳони худро сохтан. Ва инҷо мағзҳои миллии сатҳи ҷаҳонӣ заруранд на “мағзҳои ҷаҳонии” сатҳи музофоту маҳал.
"ЗИЁӢ ҲАМЧУН ҚИШРИ НОМУСИИ ҶОМЕА ДИГАР ВУҶУД НАДОРАД"
Озодагон: Шумо ҳамеша зиёиёни тоҷикро ба чолиш мекашед. Мушкили Шумо бо онҳо дар чӣ аст?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Шахсан бо ин қавм ягон мушкиле надорам. Ҳанӯз бар ҳамон ақидаам ки ду сол пеш будам, зиёӣ ҳамчун қишри номусии ҷомеа дигар вуҷуд надорад. Ва аз он насли “филолог-шарқшинос-философ-таърихчӣ–амниятӣ–зиёиҳо”, ки дар давраи шӯравӣ бо номи интеллегентсия таёр карда мешуданд, кам инсонҳои дорои фикри мустақил мебарояд.
Имрӯз ҳам дар ҷомеа ҳамин гуна «зиёӣ»- ҳо бо тақдири мардум бозӣ карда истодаанд ва он гуруҳе, ки огоҳӣ доранд аз тарс ва аз тамаъи ҳарф ба бофтани «пардаҳои зангорӣ» (Ҳофиз) машғуланд. Дар давраи шӯравӣ ин мутахассисон мисли як ронандаи трактор, барои як кор сохта мешуданд ва бояд аз маҳдудаҳои он касб берун намеомаданд, яъне аз хати кашида дуртар парвоз мекарданд, парашон месӯхт. Мисле ки дар Қуръон Худованд аз фариштаҳо ёд мекунад, ки дар фарқият аз инсон, ки қобилият ва қудрати шинохти ашё ва номгузории онҳоро дорад, фариштаҳо танҳо барои як кор офарида шудаанд. Яъне, инсон аз азал истиқлоли фикрӣ дошт ва дорад ва имрӯз ин «фаришта –мутафаккирон»-и мо, исбот карданд, ки ба сатҳи академикӣ расиданд, вале аз шуури музофотӣ–маҳаллии худ ҷудо нагаштаанд. Имрӯз бештар бо сиёҳ кардани якдигар аз рӯйи маҳал машғуланд. Ҳамин “файласуф –фариштаҳо” бо он, ки зарфият ва қобилияти шинохти таҷриба ва дониши ҷаҳони имрӯз ва инчунин шинохти таҷриба ва дониши сунатии худиро надоранд, вазъи ҷомеаи Тоҷикистонро бо муқобилгузории беҳудаи таърих бо фарҳанг, ақл бо имон, илм бо дин хароб карда, мардумро пароканда карда истодаанд.
"ЗАРУРАТЕ НАДОРЕМ, КИ БО ДИН ҶАНГ ЭЪЛОН КУНЕМ"
Озодагон: Шумо дар як матлаб аз “демократияи асили тоҷикӣ” ёд мекунед. Оё демократия ҳам бар ҳар навъ аст? "Демократияи асили тоҷикӣ" яъне чӣ?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Бадбахтона, мо имрӯз дар “воқеияти гап” афтодаем. Яъне, рамзҳои зиёдро истифода мекунем вале онҳо холиянд ва дар воқеияти мо ва дар ҳастии мо вуҷуд надоранд. Бубинед, имрӯз чорчӯбаи шӯравии сиёсӣ- фарҳангии Шуравӣ ҳанӯз боқӣ мондааст, ки шахсиятҳои алоҳида ва ниҳодҳои Тоҷикистон ба онҳо такя карда, арзи вуҷуд доранд, вале аз демократия ва либерализм ҳарф мезананд ва дар асл дар пайи корҳои шахсии худанд. Фикр мекунам, ин ҳама ботлоқро ба дарё ва ин ҳама оромона мурданро ба ҳаракати зиндагисоз табдил додан даркор.
Такрор ҳам шавад гуфтан даркор, ки ин ҳама мафҳумҳо ва мақулаҳо, яъне дин, дунявият, сиёсат, ваҳдат, истиқлол, демократия ва ғайра, агар маъние дошта бошанд, бояд дар бунёди ҷомеа ва ҳастии Тоҷикон аз худ дарак диҳанд. Худӣ дар ташкил, баҳаморӣ ва инкишофи ин маъниҳо нақши асосӣ мебозад ва дар навбати худ ин маъниҳо агар солим бошанд барои камолёбии шахсият (худӣ) аҳамияти хос доранд. Аз он ки дар якҷоягӣ бо арзишҳои миллӣ-нажодӣ боз арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои исломӣ дар сохтмони худӣ (шахсият) ва фарҳанги тоҷикон нақши муҳим доштанд ва доранд ба мо имконият медиҳанд, ки ҷомеаи нави (modern) хешро дошта бошем ва дар раванди гуфтугӯ, муносибатҳо ва бархурдҳо дар таърихи имрӯзаи ҷахон шарик ва нақши худро дошта бошем. Яъне, воқеан соҳибистқлол бошем. Чунон ки демократияи мо аз демократияи дигарон фарқ бояд дошта бошад модернитии (дунёи нави мо) мо ҳам агар амалӣ шавад аз «дунёи нав»-и (modernity) дигарон фарқ хохад кард. Ва инро набояд фаромуш кард, ки дар ин муносибатҳои ҷомеаи мо бо дунёи мудерн, аслан дар кадом ҳолат, ки набошанд арзишҳои исломии мо нақши асосӣ мебозанд (варна дунё пур аз «ориёинажод» аст) чаро, ки арзишҳо динӣ- номусӣ дар таҳкими худӣ, фарҳанг ва миллати тоҷикон нақши муҳим доранд. Ва мо зарурате надорем, ки бо дин, бо худ, ҷанг эълон кунем - ва моро ба ин худбохтагӣ надоштани дониш ва таҷрибаи “худӣ” ва баъдан воқеаҳои ҷаҳонӣ ва таъсири қудратҳои ғайр метавонад водор кунад.
ПАЁМ АЗ ШИША ВА ОҚИБАТИ САҶДА БА МАНТИҚУ ТЕХНОЛОГИЯ
Озодагон: Шумо аз ҷомеаи Ғарб ба қадри кофӣ огаҳед ва медонед, ки он ҷо “андешаи дигар”-ро саркӯб намекунанд, яъне, фурсат медиҳанд ки ҳар гуна андешарониҳову мулоҳизаҳо дар ҷомеа бошанд. Ин чиз дар ҷомеаи мо, дақиқтар дар ҷавомеи мусалмонӣ камтар дида мешавад. Намунаашро дар чанд вокуниш бо китобчаи “Ҷаҳонбинии оянда”-и маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебинем, ки Шумо ҳам яке аз онҳо будед. Воқеан ин гуна андешаҳои ба истилоҳ берун аз чаҳорчуб тавони расондани таъсири манфиро доранд?
Меҳмоншоҳ Шарифзода: Агар дар хотир дошта бошед, оддатеро, ки дар Ғарб баҳрнавардон дар даруни шиша паёмеро мефиристоданд, то баъди чанд вақт ба мардуме мерасид. Фикр мекунам, ин қавми «ҷаҳонбинии оянда» худ паёмеро гуфта истодаанд, ки садсолаҳо боз дигарон мегӯянд ва боз аз ҳама равшан дар ҷомеаи ғарбӣ дар асри ақлгароӣ ва маорифпарварӣ онро такрор карда буданд. Паёмест аз шиша. Ин ҳама такрори кӯдаконаи он чи аст ки гуфта буданд ва бубинед инҳо ақалан 30 дар сади он чиро ки Фридрих Энгелс сад сол пеш дар китобчаи худ «Людвиг Фейербах ва анҷоми фалсафаи классикии немис” гуфтааст, гуфта натавонистаанд. Ва ин муҳим нест, ки чӣ гуфтаанд ҳама ҳаққи гуфтан доранд, вале мушкил дар ин аст ки ин қавм тамоман аз воқеияти Тоҷикистон дур мондаанд, яъне онҳо худ дар даруни шишаанд (дар бутилка) ва дунёи берун аз шишаро дида натавониста истодаанд.
Аввал ин ки ин қавм бо камоли беномусӣ (номусро ҳам як гапи ом ва кӯча ҳисоб мекунанд) воқеияти ҳаррӯзаи худро рӯ ба рӯ шуда натавониста истодаанд ва аз он дар бораи он чи дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон мегузарад ягон фикри нав надоранд; дигар ин ки аз таҷрибаи Ғарб ҳеҷ наомухтаанд, ки танҳо ақлро ситоиш кардан ва ба мантиқу технология саҷда кардан оқибати хуб надорад, имрӯз ин гуруҳ ба арзишҳои фарҳангии мардуми худ чун барзагов ба матоъи сурх ҳуҷум мекунанд, ки на хайр аст ва сабаби ин ҳама буҳрони фарогирандаро дар арзишҳои динии мардум мебинанд, вале наметавонанд дидан ва таҳлил кардан, ки чаро қонун амал намекунад, фасод аз куҷост, чаро меҳнат, ҷойи кор ва шароити инсонии зиндагӣ ташкил нашуда истодааст ва ин дар ҳолест ки онҳо хабар доранд, ки дар нуқтаҳои калидии вазоратхонаҳо ва ниҳодҳо мардуме истодаанд ки ба давлати дунявӣ будани Тоҷикистон имон доранд. Муҳим аст ёдовар шудан, ки ин қиссаи «ҷаҳонбинии оянда»-ро радиои Озодӣ дар саҳифаи интернетии худ бо номи “Оини мадоро” ба баҳс кашид ва худ ин ба ҳар инсони огоҳ маълум аст, фазое, ки мардуми тоҷик имрӯз зиндагӣ доранд чӣ гуна фазост ва дар ин гуна фазо радиои Озодӣ, баҳси охирин бехудоии ин қавмро байни мардуми “рӯ ба раҳми худо” мекашад. Аслан ин масъала дар ин ҷавоби кутоҳ матраҳ намешавад ва барои баррасии ин рӯйдод ба таҳлили пурратар ва мустақил ниёз дорем.